(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altПаёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон мебошад. Паём ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дигар масъалаҳо бахшида шуданд.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз ҷумла вазифа гузоштанд, ки “Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида наврасону ҷавононро ба мутоилаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

Вобаста ба ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Ман, чун омӯзгори фанни математика ба худ тасмим гирифтам, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷудбудаи илми математика истифода бурда, савияи дониши риёзии хонандагони литсейи филикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷандро баланд бардорам. Чуноне, ки мегӯянд “Зиёиён хазинаи тиллои миллатанд”.

Ҳамагон хоҳ талабаю донишҷӯ, хоҳ номзади илму профессор, аз таълиму тарбияи омӯзгор, баҳравар мегардад. Пас омӯзгор ҳам таълим ва ҳам ҷавонони имрӯзаро тарбия мекунад.

Дар ин ҷода дар литсейи физикӣ – математикии №1 ш.Хучанд ба номи академик М.Осимӣ ҳамаи имкониятҳо мавҷуд мебошанд. Соатҳои дарсҳои фанҳои физика ва математика нисбатан зиёдтар буда, ин имконият медиҳад, ки савияи дониши риёзии онҳо баланд бардошта шавад. Ҳангоми дарсҳои математика аз тахтаҳои электронӣ, ноутбукҳо, тестҳои онлайн истифода бурда, сатҳи дониши хонандагонро баланд бардоштанд. Дар маҳфилҳои илмӣ, сафороии пагоҳирузӣ низ оиди илмҳои физика ва математика саволу ҷавоб ва виктаринаҳо гузаронида мешаванд.

Аксарияти хатмкунандагони мактаби мо ба донишгоҳҳои олии мамлакат ва Русия дохил мешаванд, ки натиҷаи меҳнати ҳалоли омӯзгорони мо мебошад.

Ба итминон гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳанги ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як раҳнамо дар марҳалаи саноатикунонии кишварамон хизмат хоҳад кард.

Замира Турдибоева омӯзгори литсейи физикӣ-математикии
№1 ш. Хуҷанд, ба номи академик М.Осимӣ