(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 марти соли 2020 бо назардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи шаҳр дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба имзо расид.

Тибқи ин қарор ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи матбуот тасдиқ карда шуда, воҳидҳои сохтории марбутаи шаҳрдорӣ, вазифадор гардиданд, ки иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддию маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон ва кормандони матбааҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи матбуот гузаронидани озмунҳои гуногуни мактабӣ, аёдати собиқадорони матбуот, мулоқоту вохӯриҳои журналистони собиқадор бо қаламкашони ҷавон ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд