(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд бо фаро расидани фасли баҳор дар ин муассиса корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба тартиб дароварда, аз партову хазонҳо тоза, ҳамзамон буриши санитарии тамоми дарахтон гузаронида шуд. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ қаламчаҳои гули садбарг шинонида шуда, зери парвариш ва нигоҳубин қарор доранд. 4 адад гармхона бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошад. Ҳамзамон навниҳолҳои ҳамешасабз барои шинонидан дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр парвариш ёфта истодаанд.

Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар арафаи Иди Наврӯзи байнамилал тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ дода шавад.

Масъулини «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд