(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз, яъне 1-уми марти соли 2020 Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №4, ҳавзаи интихоботии №5-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаров ҷойгир аст, ташриф оварда, ба номзадони арзанда ва яке аз азҳоби сиёсии мамлакат раъйи худро дод.

Таъкид бояд кард, ки участкаи интихоботии №4, ҳавзаи интихоботии №5-и шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 1401 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 25 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар участкаи интихоботии №4, ҳавзаи интихоботии №5-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури мушоҳидони байналмилалӣ, миллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба мақсади рушди босубот ва тараққӣ ёфтани кишвари маҳбубамон он овоз дод.

Маҳина Қаюмова, донишҷӯйи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ки бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзид, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.

Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Чорчароғ ки участкаи интихоботии №4, ҳавзаи интихоботии №5-и шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони шаҳр бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, дар сандуқи интихоботӣ овоз доданд.

Бояд қайд намуд, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз оғоз ёфт. Дар шаҳри Хуҷанд барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ 1 ҳавзаи якмандатӣ, 7 ҳавзаи вилоятӣ, 40 ҳавзаи шаҳрӣ ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуда, барои ҳар як участка рӯйхати интихобкунандагон тартиб дода шудааст. Аз 183, 7 ҳазор сокинони шаҳр 103 ҳазору 392 нафар ҳамчун интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгиранд, соати 20-00-и имшаб, яъне 1-уми марти соли ҷорӣ баста мешаванд.

Натиҷаҳои пешакии интихобот давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода то соати 12:00 дар саросари мамлакат 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд.

Ҳоло дар 3412 участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳии интихобкунандагон бомаром идома дошта, сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд