(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ устодон ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрку таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки имрўз ҳамаи мо бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ҳамаи шуморо ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис-тони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям. Воқеан 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид.

Дилафрӯз Саидӣ таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз бисту ҳафт сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Зикр гардид, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем».

Дар анҷоми суханронии худ Дилафрӯз Саидӣ ҳамагонро бори дигар ба ифтихори бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рўҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу намуд.

Сипас, Спартакидаи устодон ва кормандон барои ба даст овардани Ҷоми директори донишкада натиҷагирӣ шуд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал насиби дастаи факултети информатика ва энергетика гардида, мақоми дуюмро раёсати донишкада ва зинаи сеюмро факултети муҳандисӣ ва иқтисодӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада тақдим гардид.

Барномаи рангини консертӣ ки аз ҷониби бонувони донишкада манзур гардид, табъи ҳозиринро болида намуд.

Шуъбаи кор
бо ВАО