(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили собиқадорони ақибгоҳи ҶБВ, аз ҷумла Музаффар Бобоҷонов, Мамад Қозиев ва Воҳид Ҷӯраев ташриф оварда, эшонро ба муносибати 27 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Ба аёдатшудагон аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Паёми шодбошӣ ва маводҳои ниёзи аввалия расонида шуданд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун нерӯи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барон ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву зкстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

Имрўз ифтихор дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату амну осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофи Роҳбари Давлат сарҷамъ бошем ва барои сохтмони бузурги Истиқлолият хишти созандае гузорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд