(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Боғи таҷдидшудаистодаи истироҳатӣ-фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 10 бех дарахтҳои калонҳаҷми навъи Каталпа ва ҳамин миқдор ниҳолҳои Магнолия шинонида шуд, ки ба ҳусни ин мавзеъи истироҳатӣ ҷилои дигар зам намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дарахти Каталпа дарахти зебо буда, то 16 метр қад мекашад, баргҳои калони зебо дорад, гули он дар шакли зангӯла сафед ва арғувонӣ мешавад. Ин дарахт бештар дар боғҳои Аврупои Марказӣ парвариш меёбад ва онро дарахти Карнай низ ном мебаранд. Он ҳамчун дарахти ороишӣ маъруфияти хоса дошта дар ҷануби ИМА, Ҷопон, Қрим ва дар соҳили Баҳри Сиёҳ парвариш карда мешавад.

Магнолия як дарахтест, ки бо гулҳои бениҳоят ҷилобахшаш боғҳои истироҳатии оламро зебу оро медиҳад ва онро дурахшону ҷило мебахшад. Ин дарахт аз худ бӯйи муаттари лимӯ содир менамояд. Он зиёда аз 70 намуд дошта, бо тоҷи васеъи пирамида метавонад аз 8 то 20 метр қад кашад. Вобаста аз гуногунӣ, гулҳои ин дарахт метавонанд сафед, гулобӣ, арғувон, сурх ва бошанд. Дар фасли зимистон ҳассос мебошад.

Худи ҳамин рӯз дар ин боғ ҳамчунин якчанд адад дарахтони сояафкан ва ороишӣ низ шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар дар Боғи таҷдидшудаистодаи истироҳатӣ-фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҷиҳати суръат бахшида корҳо ва сифатнок анҷом додани он ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд