(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, директори пажӯҳишгоҳи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия Александр Таранов, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят, роҳбарияти хоҷагии ҷангали вилоят дар хиёбони Истиқлоли маҳаллаи Мевағули шаҳр маъракаи васеъи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Меҳмонони кишвари Белорусия ин иқдоми сабзкориро истиқболи гарм намуда, онро ба беҳбудбахшии муҳити зисти шаҳр муфид арзёбӣ намуданд. Мудири шуъбаи био-техникаи пажӯҳишгоҳи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия Манана Костритская изҳор дошт, ки бо даъвати роҳбарияти вилояти Суғд дар кишвари биҳиштосои Тоҷикистон қарор доранд. То имрӯз аз як қатор гармхонаву хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят боздид намуданд. Вилояти Суғд табиати нотакрор ва иқлими созгор барои парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда доштааст. Мо тасмим гирифтем, ки бо деҳқонон ва мутахасисони кишоварзии вилояти Суғд дар чаҳорчӯбаи як созишнома ҳамкории густурда ба роҳ монда, дар кишварамон эшонро бо тарзу усули парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи сифатан хуб барои содирот ба кишвари Аврупо тайёр хоҳем кард. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд чунин заминаи парвариши меваҳои ниёзи мардуми кишвари Аврупо вуҷуд дорад.

Манана Костритская бо таасуроти наҷиб ва хотирмони худ аз шаҳри Хуҷанд ёдоварӣ намуда таъкид дошт, ки мардуми тоҷик ба таъриху тамаддуни худ арҷ мегузоштаааст ва ҳамчун миллати куҳанбунёди ҳазорсолаҳо фахр менамояд. Ин барои мардуми Белорусия намунаи олии пайравист. Боғҳои истироҳатии қашанг ва мавзуъҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд бо иқлими нотакрораш мафтун кард ва мо маҷбур ҳастанд, ки боз дигарбора ба ин шаҳри афсонавӣ ташриф оранд.

Худи ҳамин рӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ободонии шаҳр дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд беш аз 400 бех ниҳолҳои Ардач шинонида шуд.

Бино ба таъкиди мутахасиссони соҳа парвариши ниҳоли солим ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ аз масъулин вобастагии калон дорад. Ниҳоли ба стандарт ҷавобгӯ бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ бояд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар ҳолати шинондани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад.

Аҳамияти дигари шинонидани ниҳол он аст, ки дарахтон сарвати табиӣ ва манбаи асосии чӯб, хӯрокворӣ, дорувор, ашёи техникиву ороишӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд. Бино ба андешаи мутахасисони ҳифзи муҳити зист, як гектар ҷангали дарахтон қудрати тоза кардани 18 млн м3 ҳаворо дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соли ҷорӣ то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар гӯшаву канори шаҳр то оғози фасли баҳор идома хоҳад ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд