(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи нахустини ҷаласаи васеъи Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2020 бо аъзои комиссия ва сармуҳаррирони телевизиони маҳаллӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ кушода, ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис шинос намуд.

Нахуст аз рўи масъалаи аввали рўзнома оид ба фаъолияти ширкатҳои телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ Усмонҷон Юсуфӣ маърўза намуда, қайд кард, ки аз ҷониби ширкатҳои телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ ҳолатҳои дағалона вайрон намудани меъёру талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то ҳол ба мушоҳида расида, ба коста гардонидани фарҳанги имлои забони тоҷикӣ оварда расонида истодааст.

Аз ҷумла, дар эълону рекламаҳои сатри равон, ки дар онҳо асосан забони русӣ истифода мешавад, ҳангоми истифодаи забони тоҷикӣ дар аксар маврид ба хатогиҳои имлоӣ роҳ дода шуда, ҳарфҳои қ ба к, ҳ ба х, ҷ ба ч, ў ба у, ғ ба г, ӣ ба и ва монанди инҳо мебошанд, ки дар ин маврид калима нодуруст талаффуз мегардад. Масалан, аз шабакаи телевизионии “Салом” рафтани сатри равон бо чунин тарз “Оханпора мехарам”, бо нархи 1 кг ду сомони”, “Пахта ва когазпора мехарам” ба фарҳанги имлои забони тоҷикӣ мутобиқ намебошад.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми пахши рубрикаи реклама, аз шабакаҳои телевизионӣ, махсусан телевизонҳои “7-Ситора”, “Салом” ва “Азия” рекламаҳо аз меъёри муқарракардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” зиёд буда, талаботи қонуни мазкур умуман риоя нагардида истодааст. Масалан як рекламаи маҳсулот, аз ҷумла “Мир-макс” ва ё “Яхмоси 33” даҳҳо маротиба то анҷоми ин ё он барнома намоиш дода мешавад.

Ҳол он, ки тибқи талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.

Ба ғайр аз ин, барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, набояд бештар аз ду маротиба реклама намоиш дода шавад. Дар барномаҳои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.

Дар масъалаи пахши сурудҳои ҳофизон низ дар шабакаҳои телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бигузор маблағи эфир аз ҷониби ҳофиз пардохт карда бошад ҳам, вале меъёри намоиши сурудҳо риоя нагардида, як суруди ҳофиз дар як рўз то панҷ шаш маротиба намоиш дода шуда, он ҳамарўза як оҳангу мусиқӣ мебошад. Доир ба мазмуну мундариҷаи матни сурудҳо бошад ҳоҷат ба баён нест. Илова бар ин, сурудҳое аз ҳофизони хориҷӣ намоиш дода шуда истодааст, ки аз фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон берун буда, метавонад ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон зарар расонад.

Вобаста ба пахши барномаҳои тарбиявӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияти оиладорӣ, ҷалби сокинон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ғайра дар аксар телевизионҳо ва радиоҳои маҳаллӣ қариб, ки умуман барномаҳо мавҷуд намебошад. Дар ин самт, мебояд ба ҷои силсилафилмҳои туркӣ ва барномаҳои консертии аз ҳад зиёд, чунин барномаҳо бисёртар омода ва пахш карда шаванд.

Усмонҷон Юсуфӣ дар идомаи баромади худ таъкид дошт, ки Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳамаи роҳбарони ширкатҳои телевизионӣ ва радиоҳои маҳаллӣ талаб менамояд, ки фавран камбудиҳои ошкоргардида бартараф карда шуда, ҷиҳати ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани фаъолияти худ чораҳои бетаъхирро роҳандозӣ намоянд.

Аз рўи масъалаи мазкур сармуҳаррирони ШТР СМ1”, “Танин” ва “7 ситора” Илҳом Ҳошимов, Қудратулло Раҳматуллоев, Ӯғулой Раҷабова, забоншинос, дотсент Салоҳиддин Вайдуллоев, сармутахасиси бахши фарҳанги шаҳр Набиҷон Ҷӯразода, котиби матбуоти Раиси шаҳр Маъмури Юсуфзод ва дигарон баромад намуда, доир ба ҳусну қубҳи қубҳи барномаҳо, вазъи феълии ҳайати эҷодии телевизионҳо, аз ҷониби бархе рӯзноманигорон нодида гирифтани талаботи қонунгузории забон, сатҳи маърифати ҳофизон, роҳ ёфтани сурудҳои мазмунан хароб дар шабакаҳои телевизион ва радиоӣ ва ғайраҳо изҳори назар карда, омодагии хешро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта изҳор намуданд. Таъкид карда шуд, ки назорати ҷамъиятии забони барномаҳо пурзӯр карда шаванд. Барои назорати минбаъда ва дуруст ба роҳ мондани кор ба роҳбарони ширкатҳои телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»огоҳномаи расмӣ ирсол карда шавад.

Сипас, ҳайати Комиссия аризаи шаҳрванд Фирдавс Ҷўраевро оид ба номгузории мағозаи “FURQON MOBILE” ва мактуби ҶДММ “Оилаи мо”-ро барои номгузорӣ намудани мағозаи фирмавии “Минисо” мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми ҷаласа, вобаста ба масъалаи чоруми он қарор карда шуд, ки то охири моҳи соли ҷорӣ аъзои Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи қонунгузории забони давлатиро дар муассисаҳои тандурустии шаҳр мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд