(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семинар-омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба шаффофияти раванди буҷети маҳаллӣ гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзиши мазкур намояндагони Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев, Абдураҳмон Наҷмиддинзода, намояндагони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ва Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд инчунин 54 нафар сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ҷамъ 60 нафар иштирок доштанд.

Минбаъд коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои буҷетӣ Абдураҳмон Наҷмиддинзода баромад намуда, қайд намуд, ки ҳадафи асосии муҳокимаи ҷамъиятии буҷети шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама ба таъмини шаффофияти буҷетӣ нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ бо дастгирии барномаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»-и институти «Ҷомеаи кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Марҳилаи таҳияи лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ва иҷрои онро дарбар мегирад. Тазаккур дода шуд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таъмини шаффофияти буҷети маҳаллӣ, самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ диқати махсус зоҳир менамояд.

Дар баромади худ Абдураҳмон Наҷмиддинзода сохтори даромад ва хароҷоти буҷети шаҳрро муфассал таҳлил намуд. Дар рафти муаррифӣ, вобаста ба дархостҳое, ки иштирокчиёни муҳокимаи қаблӣ оид ба буҷети шаҳр дар соли 2020 баён дошта буданд посух дод. Қайд карда шуд, ки қисми пешниҳодҳои аҳолӣ дар буҷети шаҳр ба инобат гирифта шудаанд ва раёсати молияи шаҳр дар доираи имкониятҳои молиявӣ онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Вобаста ба вазъи буҷети шаҳр ва зиёд намудани қисми даромади он тавсия дода шуд, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳр бояд рушд дода шавад. Махсусан оид ба ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани муассисаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хонагӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Сипас сухан ба сардори раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонзода дода шуд. Мавсуф қайд кард, ки буҷети шаҳри Хуҷанд буҷети тамоми аҳолии шаҳр ба ҳисоб рафта, он барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон сарф карда мешавад. Мавсуф вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои буҷети шаҳр дар соли 2019 ва банақшагирии буҷети шаҳр дар соли 2020 аз рӯи даромад ва хароҷот пурра қайд намуд. Ҳангоми таҳияи буҷет он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва дигар иштирокчиён баён гардид аз рӯи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Қайд гардид, ки пешниҳодҳои манзургардида, мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои хоси худ дар маблағгузории соҳаи буҷетӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Вобаста ба рафти маблағгузории соҳаи маориф, сариқтисодчии шӯъбаи маорифи шаҳр М.Ботурова, суханронӣ намуд, ки афзалиятҳои аввалиндараҷаи соҳа амали гардида истода, маблағгузории соҳаи маориф пурра дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи сметаҳои хароҷотӣ таъмин гардида истодааст.

Дар ҷараёни семинар иштирокдорони он саволу пешниҳодот, аз ҷумла оид ба ҷойивазкунии мураббиёни боғчаҳои кӯдакона савол дода, хоҳиш карданд, ки пардохти он дар вақти рухсатии меҳнатӣ дида баромада шавад.

Дар доираи чорабинии мазкур фокус-гуруҳҳо аз ҳисоби фаъолон ва шахсони масъулини шаҳр ташкил карда шуд. Аъзоёни ин гурӯҳ муваззаф гардонида шуданд, ки минбаъд мустақилона фаъолият намуда, тамоми масъалаҳои баррасишавандаро ба дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии шаҳр муҳокима намоянд.

Муҳокимаи буҷети шаҳр дар самти баланди якдигарфаҳмӣ баргузор гардид ва тамоми иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар баробари ин иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо зиёдтар баргузор карда шавад.

Дар охир масъулони шаҳр ба намояндагони барномаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»-и Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин як чорабинии муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд ва умед карданд, ки чунин чорабинӣ дар оянда низ гузаронида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд