(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд дар доираи машварати шаҳрии доимамалкунанда дарси кушоди намунавӣ бо иштироки хонандагони синфи 6 “а” дар мавзуи " Гулдӯзӣ ва бахиядӯзӣ" гузаронида шуд.

Омӯзгор Дилафрӯз Дадобоева ба хонандагон дар бораи гулдӯзӣ ва бахиядӯзӣ маълумоти муфассал дода, тарзи дӯхани онро низ амалан нишон дод. Хонандагон дар ин чорабинӣ ба дастаҳо тақсимбандӣ шуда, корҳои дастии худро ба маърази намоиш гузоштанд. Ба омӯзгор Дилафрӯз Дадобоева барои корбарӣ, эҷодкориаш ва дарси кушод баҳои баланд гузошта шуд.

Бояд қайд намуд, ки Дилафрӯз Дадобоева дар маҳфили “Чеҳраҳои ҳунар" нозукиҳои гулдӯзиро ба аъоёни маҳфил омӯзонида, ба ин васила онҳоро соҳибҳунар мегардонад. Дар маҳфил хонандагон ҳамзамон нозукиҳои ҳунари дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва пухтани ҳар гуна хӯрокҳои миллиро ба монанди буридани угро, нонҳои пиёзину кулчаҳо ва ороиши дастархонро меомӯзонад.

Дилафрӯз Дадобоева яке аз омӯзгорони ҷавони гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд буда, дар баробари омӯзгори навовар, эчодкор будан ҳамзамон иштирокчии фаъоли озмуну чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ мебошад. Мавсуф чанде қабл дар машварати вилоятӣ дар мавзуи "Ҷалб намудани хонандагон ба ҳунарҳои миллӣ" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайеҳҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баромад карда, ҳунарҳои дастисози худро муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Ҳамчунин дар моҳонаи фанни технология дар ҷамъомадҳои пагоҳирузӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ ва дарсхои кушоди намунавӣ дар сатхи баланд гузаронида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дастовардҳои назаррас, малакаю маҳорат ва кордонии Дилафрӯз Дадобоеваро роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд эътироф намуда, ҳамчун таҷриаи пешқадам дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр паҳн намуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд