(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раисони шаҳру навоҳии вилоят аз намоиши ниҳолу кӯчат ва дастранҷи боғдорон аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинони шаҳр гардид.Бори аввал аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон низ навъҳои гуногун ниҳолҳо бо нархҳои дастрас манзури инштирокдорони ярмарка карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ярмаркаи ниҳол таъкид дошт, ки боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон баҳри ба иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ва вусъат бахшидани ниҳолшинонӣ корҳои агротехникӣ бомаром идома доранд. Дар вилояти Суғд заминаи мусоид ҷиҳати ташкили боғҳои нави интенсивӣ вуҷуд дорад. Бояд мо ҳар як ваҷаби заминро самаранок истифода намоем.

Зикр гардид, ки дар мамлакат боғдорӣ аз муҳимтарин соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад. Рушди боғдориро бе ривоҷи соҳаи ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ, маҳсулнокӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз ниҳолони он вобастагии калон дорад. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки солҳои охир ба хотири беҳдошти иқтисодиёти мамлакат бештар ба бунёди боғи дарахтони меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, зеро дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ талабот ба меваҳои хуштамъи сарзамини мо зиёд аст. Инчунин талаботи аҳолӣ ба ниҳолҳои себ, зардолу ва анор бештар шуда, харидорони ин навъ ниҳолҳо зиёд шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд