(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳалаи 18-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз микроноҳияи 18-уми шаҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии 9 ошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ сохта мешавад. Дар умум 72 манзили истиқомати иборат аз 1,2,3 хуҷрагӣ бунёд мегардад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд.

Тавре маълум гардид, ба корҳои сохтмонии мазкур феълан ҳудуди 60 нафар коргарон ба кор ҷалб гардида, музди маошашон 2 ҳазор сомонӣ мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ иншоот пурра омода гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бори аввал аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои муҳоҷирони экологӣ хона бунёд карда шуда, онҳо бо манзили зист таъмин мегарданд.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибҳкори маҳаллӣ бунёд шудааст, шинос гардид. Дар сурати пурра ба истифода додани ин иншоот 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якум маркази хизматрасонӣ, ошёнаҳои минбаъда барои меҳмонхона ва тарабхона пешбинӣ гардидааст. Дар корҳои сохтмонӣ 40 нафар ҷалб гардидаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода зимни шиносоӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони ватандӯст дар обод гардидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд. Барои тезонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии ҳудуди маҷмааи хизматрасонӣ масъулин вазифадор гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд