(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бо маром идома дорад. Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳост ва имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз ин иншооти сохташудаистодаи соҳаи тандурустӣ аз наздик шинос гардида, аз раванди сохтмони иншоот изщори цаноатмандь намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ айни замон ба корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сотхмончиён ҷалб карда шудаанд. Қобили кайд аст, ки сохтмони бинои нави табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 оғоз ёфта буд. Мувофиқи лоиҳа бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат аст ва фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад. Тавре, ки ба назар расид, корҳои таҳту ҳамворкунии саҳни марказ бо ҷалби техника ва қувваҳои корӣ ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сӯҳбат бо масъулин қайд намуд, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд дар оянда бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда мешавад. Зеро беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ барои баланд бардоштани солимии ҷомеа мусоидат мекунад. Баъди истифода додани он ниёзмандон ба хориҷи кишвар нарафта, табобати хешро дар Ватан мегузаронанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати сабзу хуррам ва ободонии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд