(2 овоз, миёна 1.50 аз 5)

altДар арафаи 27 солагии таъсисёбии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода генерал-майор Аъзам Қосимовро аёдат намуда, бо Иди касбиаш таҳният гуфтанд.

Генерал-майор Аъзам Қосимовро яке аз мутахасисони варзида ва касбии соҳаи мудофиаи мамлакат мебошад, ки имрӯз дар вазифаи мушовири вазири мудофиаи кишвар дар вилояти Суғд фаъолият дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат аз хизматҳои шоёни ин родмарди Ватан ёдоварӣ намуда, мавсуфро бо фарорасии солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт. Таъкид шуд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки Аъзам Қосимов давоми 21 сол ҳамчун Комиссари ҳарбии вилояти Суғд фаъолияти пурсамара намуда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи мутахасисони баландихтисоси соҳа саҳми арзанда гузошта меояд. Хизмати чунин нафарон ҳамеша қадршиносӣ гардида, таҷрибаи кориашон ба афсарони ояндаи Ватан истифода мешавад.

Генерал-майор Аъзам Қосимов бори дигар ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати нақш гузоштан дар таҳкими худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон изҳор дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд