(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altСоли 2020 бо қарори ташкилоти фарҳангии умумиҷаҳонии Юнеско 700 шоир ва орифи бузурги тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат силсилаи чорабиниҳо дар қаламрави мамлмакат ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла интизор меравад, ки моҳи августи соли ҷорӣ 700 солагии шоири оламшумул дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олиқадри дохилию хориҷӣ таҷлил гардад. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабиниҳо конфронси байналхалқи дар театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади омодагӣ ба ин ҷашни умумиҷаҳонӣ ба театри Камоли Хуҷандӣ ташриф оварданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо аҳли зиё, аз ҷумла ҳунармандони театр, ҳофизон, олимон ва меъморон доир ба сазовор таҷлил намудани 700 солагии Камоли Хуҷандӣ фикру андешаҳояшро баён дошта, ҳамзамон ҷиҳати таъмиру таҷдид фаро гирифтани театри ҳамноми шоир ба масъулин дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо назардошти услуби миллӣ ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки ба ободонӣ ва чароғоннамоии атрофи он диққати ҷиддӣ зоҳир гардад. Зеро 2-3 соли охир бо дастгирии Давлату Ҳукумати мамлакат дар ин мавзеъ Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ, меҳмонхонаи “Суғдиён”, осорхонаи вилоятӣ пурра мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, ҳамзамон азнавбарқароркунии Қалъа дар муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд” то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба меъморон ва сохтмончиён ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаи мушаххас баҳри азнавсозӣ ва таҷдиди театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ муҳлатҳои муайян дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз 1 январи соли 1934 таъсис ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд