(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетика баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарори хешро ба тавсиб расонд, ки тибқи он Асрор Шарифзода ба вазифаи муовини Раиси шаҳр таъин гардид.

Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин иттилоъ дод, ки Асрор Шарифзода соли 1998 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, то имрӯз дар вазифаи гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намудааст.

Зикр гардид, ки Асрор Шарифзода 20 сол инҷониб дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ, аз ҷумла кумитаи амвол, шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайраҳо пурсамар фаъолият намудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки минбаъд 12 бахшу шуъба ва раёсатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла шуъбаи иқтисод ва савдо, бахшҳои сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, саноат ва энергетика, раёсатҳои молия ва омор, нозироти андоз, муҳоҷират ва ғайраҳо таҳти сарпарастии Асрор Шарифзода фаъолият хоҳанд намуд.

Мавсуф ҳамчун муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масоили иқтисод, саноат ва энергетика фаъолияти худро оғоз мебахшад. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муовини тозатаъингардидаро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳидоят намуд.

Таъкид карда шуд, ки мавсуф вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияш роҳандозӣ намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Асрор Шарифзода 15 октябри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Мавсуф то таъин гардидан ба маснади муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар вазифаи мудири бахши њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд фаъолияти пурсамар дошт. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд