(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси Шўро Муъмин Орифӣ зимни қайд аз ҷумла қайд намуд, соли сипаришуда аз рўи нақша 24 масъалаи дохилисобиқадорӣ баррасӣ карда шуд. Давоми сол бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои «Навбаҳор», «Темурмалик», «Суғдиён», «Сирдарё», ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони соҳаи сохтмон, Донишкадаи иқти-сод ва савдо оиди коргузорӣ ва ҳуҷҷат-гузорӣ ёрии амалӣ диданд.

Таҷрибаи пешқадами ташкилоти ибтидоии собиқадорони маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» омўхта, барои паҳн кардан тавсия дода шуд. Дар маҷлиси раёсат ҳамзамон қайд шуд, ки алҳол таҷрибаи пешқадами ташкилоти ибтидоии маҳал-лаи «Сирдарё» мавриди омўзиш қарор гирифтааст.

Дар ташкилоти собиқадорони шаҳри Хуҷанд ба масъалаҳои ташкилӣ, ҳуҷҷат-гузорӣ, роҳбарӣ ба ТИС, ривоҷи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ диққати хоса дода шуд, ки натиҷааш, албатта хуб аст. Зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Иди Fалаба ба ҳафт нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба қадри 1200 сомонӣ, ба 32 нафар иштирокдорони ақибгоҳи сол-ҳои ҷанг ба қадри 1000 сомонӣ мукофоти пулӣ расонд. Муоинаи тиббии ишти-рокчиёни ҶБВ, заҳматкашони ақибгоҳи солҳои 1941-1945 тибқи ҷадвали тасдиқ-шудаи маркази саломатӣ моҳҳои январ-март гузаронида мешавад.

Бо дастгирии Шўрои собиқадорони вилояти Суғд ба 5-нафар ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 3 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат роҳхатҳои имтиёзнок ба осоишгоҳи «Соҳил» ва «Шифо»дастрас карда шуд. Собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ ва фарҳангию сиёсии вилояту шаҳр фаъолона иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни ҷаласа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ Шўрои собиқадорони шаҳри Хуҷанд корҳои дохилисобиқадориро беҳтар намуда, баҳри тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ба таври шоиста хидмат мекунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд