(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, прокуратураи шаҳр, шўъбаи маориф ва Шурои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалистии шаҳр силсилаи мулоқоту вохўриҳои мақсаднок дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва беҳдошти тарбияи ватандўстию хештаншиносии ҷавонон бо истифода аз усулҳои ҳамсол ба ҳамсол бо ҷалби аъзоёни филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аз гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил оғоз гардид.

Дар мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдувосид Ғафуров, собиқадори вазорати корҳои дохилӣ, ҷанговар интернатсиолист Шавкат Аҳмадов, раиси шўрои собиқадорони ҷанговарони интернатсиолистии шаҳр Муқим Қобилов, мутахассиси шўъбаи маорифи шаҳр Замира Маҳмудова, мутахассиси шўъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муталиб Маҳмудов иштирок ва доир ба мавзўҳои зикргардида баромадҳо намуданд.

Тавре таъкид гардид, ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.

Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрў ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.

Боиси тазаккур аст, ки имрўзҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, оид ба масъалаи мазкур корҳои босамар амалӣ гашта, тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Тарбия ва ба камол расонидани насли ватандўсту меҳанпараст ва худшиносу худогоҳ вазифаи муқаддаси ҳар як мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва падару модар ба ҳисоб меравад. Зеро тарбия маҳз аз оила, мактаб ва ҷомеа сарчашма гирифта, ҷавонон ва наврасон мафҳумҳои Ватан, Модар, дўст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми кишварро аз ҳамин ҷо меомўзанд, дарк менамоянд ва дар ҳаёт татбиқ менамоянд.

Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад ва ҷавонон ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони шарафманди шаҳри Хуҷанд бо дарки пойдории ваҳдату истиқлолият ва фароҳамии шароити мусоид омода ҳастанд, ки бо донишу малакаи муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандўстиву ифтихори миллӣ ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, ҳар гўшаву канори онро ҳифз намоянд ва барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.Зеро ҷавонон қудрати сохтану бунёдкории кишварро соҳиб ҳастанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд