(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ширхоргоҳ-кӯдакистони №20-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи иттиҳодияи методии мудирони муассисаҳои томактабии шаҳр баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа мудирони кӯдакистонҳо доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Методҳои афзалиятноки таълими томактабӣ» ва «Асосҳои назариявии тарбияи кӯдакони сини томактабӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки таълиму тарбияи томактабӣ – раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ – маҷмӯи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кӯдакони синни томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он муайян менамояд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ҷаласаи иттиҳодияи методии мудирони муассисаҳои томактабии шаҳрро натиҷагирӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд. Зикр намуд, ки ҳадафи ҳамагон баланд бардоштани таълиму тарбия ва ба камол расонидани наврасони ватандӯсту донишманд ва меҳанпарвар аст. Ва дар ин самт мо бояд фаъолнокӣ зоҳир карда, саҳмгузорӣ намоям.

Баъди анҷоми ҷаласа мудирони кӯдакистонҳои шаҳр бо фаъолияти кори утоқҳои методӣ ва тиббӣ, ҳуҷҷатгузориҳо, ҳолати ошхона ва анбори хӯрока шинос гардида, дар машғулиятҳои мурабиёни ширхоргоҳ-кӯдакистони №20-и шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд