(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВокуниш ба мақолаи «Масҷиди «Нури ислом» дар Хуҷанд ба кинотеатр табдил дода мешавад»

Дар сомонаи «Ахбор сом» дар такя ба нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилоят хабаре таҳти унвони Масҷиди «Нури ислом» дар Хуҷанд ба кинотеатр табдил дода мешавад» бо расми имрузаи масҷиди навбунёдшуда нашр гардид, ки аз воқеъият хеле дур буда, мардумро ба иштибоҳ бурдааст.

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баъди пурра истифода шудани бинои нави масҷиди имрӯза ба ҷойи биноҳои ноободу фарсудашуда ва ғайрисантарии он бо сарфи маблағҳои шаҳрдорӣ маҷмааи фарҳангӣ иборат аз мактаби бачагонаи мусиқӣ, китобхонаи шаҳрӣ, Академияи таъомҳо ва кинотеатр ифтитоҳ гардида буд.

Мактаби мусиқии бачагона бо фарогирии 18 маҳфил, дорои синфхонаҳои танбӯр, овозхонӣ, рақс, санъати мусиқӣ, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, ҳунарҳои мардумӣ, утоқҳои корӣ ва ғайраҳо мебошад, ки имруз фаъол аст.

Ҳамчунин худи ҳамон рӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ин мавзеъ бори аввал дар замони Истиқлолият китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ карда шуд, ки қаблан он вуҷуд надошт. Китобхона дорои беш аз 112 ҳазор китоб буда, минбаъд ба худ 7 филиали китобхонаҳои дар минтақаҳои гуногуни шаҳр бударо муттаҳид месозад. Дар китобхонаи шаҳрӣ шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 40 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» гирд оварда шудаанд.

Он рӯз аз ҷониби шаҳрдор якчанд китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карда шуд.

Зимни ифтитоҳи Академияи таъомҳои миллӣ иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар ин ҷой баҳри муаррифии таъомҳои миллӣ, бахусус таъомҳое, ки имрӯз аз ёдҳо фаромӯш шудаанд, силсилаи чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирокашон дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" таъкид дошт, ки баҳри муаррифӣ ва тарғиби таъомҳои миллӣ дар ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногун пиёда карда мешаванд.

Ҳамчунин бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ин маҷмааи фарҳангӣ толори кинотеатр низ ифтитоҳ карда шуд, ки иборат аз 60 ҷой мебошад. Шаҳрдор дастур дода буд, ки дар кинотеатр филмҳои тарбиявӣ, таърихӣ ва худшиносиву худогоҳиро бештар ба намоиш гузоранд, то ин ки аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҷилавгирӣ карда шавад.

Маҷмуан метавон гуфт, ки ифтитоҳи мактаби бачагонаи мусиқӣ ва аввалин китобхонаи шаҳрӣ, нахустин Академияи таъомҳои миллӣ ва эҳёи кинотеатр дар шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзишманде ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сокинони маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.

Ин ҳама ғамхориҳо бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи аслӣ машғул намудани наврасон ба корҳои эҷодӣ ва ташвиқ ба ҳунаромӯзӣ буда, ба ин васила тарбияи насли ояндасози кишвар барои ояндаи дурахшони Ватан мебошад.

Маъмури Юсуфзод,
роҳбари Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд