(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллати мо дар садаи ХХ1 ба ҳисоб рафта, ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур монда буд, ҳатто таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гўшаи фаромўшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омўхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рўйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни он расму оин ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврўз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва он бояд аз нав эҳё гардад».

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ба қавли Абўрайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврўз 100 шабу рўзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун муждае аз наздик расидани баҳор тажлил мешуд. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада гулханҳои бузург меафрўхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирўзии рўшноиро бар торикӣ ифода менамуд.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ў Ҳушанг ба мардум тарзи афрўхтани оташро омўзонд ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рўзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сўи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархўрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурўғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рўз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрўхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оѓоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.

Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирўзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрўзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукўҳу шаҳомоти хоса зимни афрўхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукўҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

Иди Сада ва тажлили он аз он дарак медиҳад, ки мардуми ориёинажод дар гузаштаи дури таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни оламгир буд ва пас аз фосилаи ваыт ин оин эҳё гардид.

Ҳамаи ҳамшаҳриёни азизро бо иди Сада табрику таҳният мегӯям, орзу мекунам, ки осмони кишварамон ҳамеша софу беғубор, зиндагии мардум аз шодиву нишот саршор ва пешравиву муваффаыият ёр бошад.

Иди Сада — нахустин муждаи Баҳор мубораку фархунда бод!

Маъруф МУҲАММАДЗОДА, Раиси шаҳри Хуҷанд