(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд дар партави эълон гардидани соли 2019 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҳои мушаххаси амалӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Имрӯз дар шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ 9 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, филиали ҶДММ “Вояжпур”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои нави “Қалъаи Хуҷанд”, “Душанбе-пойтахти Тоҷикистон”, “Кўҳистони нишот”, “Водии ҳунармандон”, “Панҷакенти бостонӣ”, “Зебогии кўҳҳои Шаҳристон”, “Конибодоми таърихӣ”, “Баҳри тоҷик” ва “Хони кушода” фаъолияти пурсамар доранд.

Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки дар давоми соли 2019 ба шаҳри Хуҷанд аз рўи маълумоти пешакӣ 6,5 ҳазор нафар сайёҳон ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин дар шаҳр 36 ёдгориҳои таърихӣ, 5 ёдгориҳои археологӣ, 21 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиғотии кўчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзўи рушди сайёҳӣ насб карда шуд.

Танҳо дар соли 2019 баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тарабхонаи “Темурмалик”, роҳи танобӣ ва шиногоҳи нав бо майдончаҳои бозии футболу волейбол ва теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурўши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, меҳмонхона барои 324 адад ҷойи хоб ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати шаҳрвандону сайёҳон сохта ба истифода дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд