(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи корҳои азими созандагӣ вусъати тоза касб мекунад. 

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Сада, ки яке аз оини ин иди саид тозаву озода нигоҳ доштани хонаву дар ва макони зист мебошад, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби беш 1000 нафар сокинони шаҳр, аъзоёни фаъоли ҳизби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», сокинони маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» ба ҳашари умумихалқӣ баромада, атрофии мавзеи боғи навбунёди Абӯмаҳмуди Хуҷандиро тозаву озода намуданд.

Бояд қайд намуд, ки боғи истироҳатию фарҳангии мазкур ҳамчун армуғон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни миллии Наврӯз мавриди истифода қарор гирифта, он макони сайру сайёҳат ва мавзеи диданӣ барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад шуд. Қаблан ин ҷой хеле манзараи табоҳ дошта, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахусус Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва талошҳои роҳбарияти шаҳри Хуҷанд имрӯз ба гулгашти зебое табдил ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд