(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди корҳои бунёдкорӣ аз иншооти ҷашнӣ боздид намуданд.

Нахуст Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи азнавсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ин мавзеъ ошноӣ пайдо кард. Дар ин боғҳо аллакай бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи боғ, корҳои хатти обрасонӣ, фаввораҳои боғ ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон бо тартибдарории он ҷараёни тоза касб намудааст.

Бо назардошти баргузор шудани Фестивали сайри гули лола 2020 дар боғи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ навъҳои гуногуни лола кишт карда шудаанд ва барои бошукуҳ гузаронидани тантанаҳои Наврӯзи байналмилали ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати умумии 6 гектар азнавсозӣ гардида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои тантанаи Наврӯзи байналмилал мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардида истода, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо назардошти арҷгузорӣ ба хидматҳои мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ муҷассама гузошта мешавад.

Бо дастури Раиси вилоят дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, 5 адад фаввора, мавзеъи бозии кӯдакони “Олами афсона”, гӯшаи ҳайвоноти зинда ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар дохил ва гирду атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ иловатан шинонидани ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшандиҳанда дар назар аст. Ҳамзамон дар боғи навсозишаванда 160 адад роҳравҳои чароғони ороишӣ, 80 адад нишастгоҳҳо ва 20 адад суҳбаткадаҳо пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии шаҳр буда, лоиҳаи боғро ширкати “Шаҳрофар” бар ӯҳда дошта, он аз ҷониби ширкатҳои ватании “Тавфиқ”, “Манзили Ориён” ва “Хушофар”бунёд гардида истодааст.

Суръати корҳо дар бунёди расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ низ ба чашм мерасад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дар расадхона ва бунёди он бо шакли муосир дастуру супоришҳои махсус дод. Ҳамзамон чароғоннамоии муосир ин мавзуъи истироҳатӣ дастурҳо дода шуд.

Роҳбари вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш дар дохили Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ якчанд адад ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинониданд. Раиси вилояти Суғд ҳамзамон аз ҷараёни бунёди маркази хизматрасонии тиббии «Дармони ҷон» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони маҳалли маркази муосири хизматрасонии тибии «Дармони ҷон» дар арафаи анҷомёбист.

Раиси вилоят ба сифати корҳои бунёдгардида баҳои баланд дода, ҷиҳати ободонии атрофии он ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои махсус дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд