(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар қадди роҳҳои даромади Боғи таҷдидшавандаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Маъруф Муҳаммадзода бо ҳамроҳии кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналию манзилии шаҳр дар роҳи даромади Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз ҷониби хиёбони Раҳим Ҷалил беш аз 60 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинониданд.

Бояд қайд намуд, ки корҳои азими созандагию бунёдкорӣ дар атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бомаром идома дорад. То имрӯз як қисми пайроҳаҳои атрофии боғ сафолакпӯш гардида, ҷӯйборҳо бо усули мусоир азнавсозӣ шуданд. Ҳамин тавр, бино ба таъкиди масъулин тамоми роҳҳу пайроҳаҳои атрофии боғи мазкур мумфарш ва сафолакпӯш карда мешаванд.

Шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ дар ин мавзеъ оянда низ идома ёфта, дар моҳҳои наздик ин минтақа ба яке аз ҷойҳои истироҳатию фароғатии шаҳрвандон мубаддал хоҳад шуд.

Бино ба таъкиди мутахасиссони соҳа парвариши ниҳоли солим ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ аз масъулин вобастагии калон дорад. Ниҳоли ба стандарт ҷавобгӯ бояд 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ бояд таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Дар ҳолати шинондани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад.

Аҳамияти дигари шинонидани ниҳол он аст, ки дарахтон сарвати табиӣ ва манбаи асосии чӯб, хӯрокворӣ, дорувор, ашёи техникиву ороишӣ ва ғайра маҳсуб мешаванд. Бино ба андешаи мутахасисони ҳифзи муҳити зист, як гектар ҷангали дарахтон қудрати тоза кардани 18 млн м3 ҳаворо дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд