(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба таътили зимистона ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида буд, ҷамбаст гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳр аз санаи 2 январ то 23 январи соли 2020 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соли таваллудашон 2007-2008, 2005-2006 ва 2003-2004 бахшида ба таътили зимистона ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Бозиҳо дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ва варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳр баргузор гардида, дар он 464 нафар футболбозон дар ҳайати 30 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тавре мутассаддиёни ин мусобиқа изҳор доштанд, ҳадафи ташкили чунин бозии варзишӣ ин пеш аз ҳама оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди варзиши футбол ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш буда, он ҷиҳати татбиқи Барномаи маҳалли рушди футбол барои солҳои 2017-2021, к ибо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз аз 14 ноябри соли 2017, №629 тасдиқ гардидааст, мебошад.

Бозии ниҳоии мусобиқа санаи 23 январи соли 2020 байни футболбозони соли таваллудашон 2003-2004 байни дастаҳои МТМУ 2 ва дастаи гимназияи №4 дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида бо ҳисоби 4:0 дастпарварони гимназияи №4 дастболо гардиданд.

Дар маросими ҷамбастӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳр Равшан Юсуфҷонов ва як қатор меҳмонону собиқадорони соҳаи варзиш ширкат варзида, ғолибонро бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.

Дар мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2007-2008 низ сазовори ҷои якум дастаи гимназияи №4, мақоми дуюмро дастаи МТМУ №16 ва зинаи сеюмро гимназияи ба номи Ё.В.Гёте ба даст оварданд.

Байни наврасони соли таваллудашон 2005-2006 ҷойҳои ифтихориро мутаносибан дастаҳои МТМУ №16, гимназияи “Кавсар» ва гимназия №4» ишғол намуданд.

Байни футболбозони соли таваллудашон 2003-2004 сазовори ҷои якум дастаи гимназияи №4, сазовори ҷои дуюм дастаи МТМУ 2 ва ҷои сеюм дастаҳои МТМУ №22 сазовор гардиданд.

Ҳамчунин футболбозони беҳтарин ва омўзгорони фаъол бо сипосномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд