(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, намояндаи мақомоти коррупсияи вилоят, кормандони шуъбаю идораҳои марбутаи шаҳрдорӣ мулоқот баргузор гардид.

Шоира Мутаваллиён, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар самти ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид. Зеро коррупсия яке аз хатарҳоест, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба пешрафти давлатдории миллӣ аст. Барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳоло дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.

Шоира Мутаваллиён зарурати ҳамкории қавӣ бо мақомоти коррупсияро роҳи беҳтарини мубориза унвон намуда, таъкид дошт, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд.

Шоира Мутаваллиён, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар анҷоми суханронии худ ҳамзамон доир ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, иттилоъ дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд