(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКонфренсияи XXII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кори худро субҳи имрӯз дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷиикистон дар шаҳри Хуҷанд идома дод.

Дар кори Конфренсия намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, намояндаи комиссияи шаҳрии интихобот Туҳфа Мамадҷонова ширкат варзиданд.

Наим Маликисломӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Конфренсияи навбатиро оғоз бахшида баён дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мо имрӯз имкон дорем, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешбарӣ намоем. Тибқи муқарарроти қонуни мазкур ҳизбҳои сиёсӣ 50 рӯз пеш аз интихобот метавонанд номзадҳои худро ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ намоянд. Номбурда дар идомаи суханроинаш аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол ёдовар шуда, зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилочигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 7 нафар номзадон ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилоят ва 40 нафар ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷониби раисикунандаи Конфренсия номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва муаррифӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4, Бахтиёр Мирзобаҳодуров раиси Раёсати ширкати “Барс”, аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё №1, Шоира Бузрукова, аз ҳавзаи интихоботии Бофанда №2, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд, Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №3, Дилафрӯз Саидӣ директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, аз ҳавзаи интихоботии Масчиди Сурх №5, Хол Ҳайдар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, аз ҳавзаи интихоботии Ҷабор Расулов №6, Хуршед Иброҳимов, аз ҳавзаи интихоботии Чашма №7 ба сифати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ гардиданд.

Ҳамзамон 40 нафар номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардиданд.

Номзадҳои пешниҳодгардида аз тарафи вакилони конфренсия якдилона пазируфта шудаанд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ Конфренсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд