(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби кормандони ин ниҳод, Маркази “Точикстандарт” дар вилояти Суғд ва сокинони кумитаи маҳаллаи “Хуҷанд” бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Камолзода, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева доир ба паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот баргузор гардид.

Нотиқон зимни баромади худ, бо такя аз муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем. Дар шароите, ки пайомадҳои тағйирёбии иқлим аксари мамолики дунёро ба ташвиш овардаанд, олимони моро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ бештар аҳаммият диҳанд.

Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд.

Тавре, ки дар Паём зикр гардид, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 - умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд