(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади машғул намудани хонандагон дар давраи таътили зимистона силсилаи чорабиниҳо роҳандозӣ мегардад.

Тавре, ки аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар давраи таътили зимистона, гузаронидани дарсҳо иловагӣ барои хонандагони болаёкат барои омода намудани онҳо ба Олимпиадаҳо, ҷоннок намудани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ, ташкили экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба осорхонаҳои ҷумҳуриявии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Қасри маданияти Арбоб, Арт Галерияи «Сомониён», Маҷмааи фароғатии «Боғи Камоли Хуҷандӣ» ҷалби хонандагон ба намоишномаҳои Театри давлатии мусиқавӣ ва мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри тамошобини наврас ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин гузаронидани озмунҳои гуногун пешбинӣ шудааст, аз ҷумла даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин хушнавис» дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дар ин озмун 350 нафар ғолибони даври мактабии озмун аз рӯйи 3 номиннатсия, яъне барои хонандагони 1-4 таҳти унвони «Ман зебо менависам», барои муҳассилини 5-7 «Хушнависӣ-зебопарастист» ва байни толибилмони 8-11 таҳти унвони «Қалами сабз» бо ҳам рақобат менамоянд.

Баъди муайян шудани ғолибон онҳо бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳадафи озмун ғанӣ гардонидани маънавиёти хонандагон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, хушнависию хушбаёнӣ ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба бехатову зебо навиштан мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд