(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар остонаи Соли нави мелодӣ якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат ва куҳансолонро мавриди аёдат қарор доданд.

Нахуст ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова рафта, мавсуфро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номбурдаро бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки соли рафтаистода барои мардуми тоҷик воқеан ҳамчун соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб меравад. Зеро сокинони мамлакати мо, аз ҷумла вилояти Суғд дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар софдилонаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки сарзамини мо нисбат ба солҳои пешин ободтар ва зиндагии мардумамон хеле беҳтару осуда гардидааст. Давлату Ҳукумат бо чунин занони матинрода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихору сарфарозӣ менамояд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамчунин Зубайра Файзулина, Галина Поддубная ва Ҳусейн Фаёзов, ки солҳои зиёд дар бахшҳои гуногуни соҳоти хоҷагии халқ заҳмати софдилона намуда, имруз давлати пирӣ меронанд, аёдат намуда, маблағҳои якдафъина ва маводи ғизоӣ дастрас карданд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, дуо карданд, ки соли 2020 барои Тоҷикистони биҳиштосо соли музаффарияту комёбиҳои беназир гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд