(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мо бо соли 2019-уми таърихӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли пурбарор, соли заҳмати содиқонаву софдилона баҳри ободии Ватани азизамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегўем ва соли нави 2020-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ва фараҳбахш ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳр ва меҳмонони ин шаҳри бостониро бо фарорасии соли нави мелодии 2020 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу дарозумрӣ, рўзгори ободу осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу мекунам.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2019 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи кўшишҳои пайваста ва фидокоронаи ин абармарди миллат давлати куҳанбунёди мо бо ҷилои нав эҳё гардид.

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳадафмандона талош варзида, чун дигар сокинони шаҳру навоҳии кишвар баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эълон гардидани 1300-рўзи ободониву бунёдкорӣ, дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, соҳибкорони ватандўсту меҳанпараст садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолию саноатӣ сохта ба истифода дода шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминаи воқеӣ гузошт ва ба ҳусни нотакрори шаҳр шукўҳу шаҳомати хоса зам намуд.

Итминони комил дорем, ки дар соли 2020 - соли таҷлили чандин ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 5500 солагии Саразми Бостонӣ ва 700 - солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷашн гирифта мешавад, Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфотар гардида, мардуми он дар фазои сулҳу суббот, корҳои созандагиву бунёдкоронаро ба истиқболи ҷашни бузури миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.

Бо чунин таманниётҳои нек, бори дигар Шумо ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахти баланду толеъи накў ва зиндагии зебову пурнишотро орзумандам.

Бигузор, Соли нави мелодӣ, барои Ватани азизамон ва мардуми сарбаланди тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!