(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПагоҳ, яъне 31.12.2019 шуруъ аз соати 16:00 то 20:00 дар майдони «Ситораҳои шаҳри Хуҷанд», ки дар он ҷо алҳол Арчаи бошукуҳи солинавӣ ва чароғакҳои тобон ороста шудааст, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи ҷамъбастии фарҳангии идона ба муносибати Соли нави 2020 баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки сокинони шаҳри бостонии Хуҷандро бо фарорасии Соли нави 2020 Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода табрику таҳният гуфта, ба ғолибони озмунҳои баргузоргардида тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намояд.

Ситораҳои санъати шаҳру вилоят базморои чорабинии ҷаммъбастии солинавӣ хоҳанд шуд.

Тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳри ҳамешаҷавони Хуҷанди бостониро ба тантанаҳои идонаи солинавӣ даъват менамоем!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд