(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altКормандони шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро чун маҳаки асосии фаъолият дар соли оянда тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.

Тавре, ки дар Паём зикр гардид, сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд. Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд. Доир ба ин масъала таъкид менамоям, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд. Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд. Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд