(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҶомеаи меҳнатии КВДК "Хуҷандобуканал" чун дигар идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.

Тавре, ки дар Паёми Роҳбари Давлат зикр гардид: Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем. Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар 23 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 9 лоиҳаи дигар ба маблағи боз 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар натиҷа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ асосан ҳал гардидааст. Аммо сифати иҷрои корҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва таъминоти сокинони чандин шаҳру ноҳияи кишвар бо оби ошомиданӣ ҳанӯз моро қонеъ карда наметавонад.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем. Дар шароите, ки пайомадҳои тағйирёбии иқлим аксари мамолики дунёро ба ташвиш овардаанд, олимони моро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ бештар аҳаммият диҳанд. Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд. Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд