(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро чун санади муҳими раҳнамо тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.

Тавре, ки дар Паём зикр гардид: "Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад. Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст".

Таъкид шуд, ки акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем. Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд