(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар озмуни “Донишҷӯи сол-2019”, ки санаҳои 22 – 23 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии мамлакат иштирок намуданд, Дилфуза Ҳоҷиева, донишҷӯйи ДДҲБСТ ғолибият ба даст оварда, унвони «Донишҷӯйи соли 2019»-ро соҳиб гардид.

Ҳайати комиссияи озмунӣ аз рўи шартҳои: худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо); санҷиши дониши тахассусӣ; дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сатҳи забондонӣ; навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣ – тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.

Бо назардошти ба даст овардани холҳои баландтарин ҳайъати ҳакамон Дилфуза Ҳоҷиеваро ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон доштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Донишҷӯи сол” ҳамасола байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд