(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №11-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрии Хуҷанд машварати навбатии доимоамалкунандаи директорони муассисаҳои таълиии шаҳр баргузор гардид.

Муқим Болтуев, сармутахасиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Сипас, директори МТМУ №11 Умеда Мамадҷонова дар мавзуъи «Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинию ахлоқии хонандагон” баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар замони муосир тарбияи насли ҷавонон ва ояндасоз бар рушди ҷомеа, оила ва таълимгоҳҳо вогузор гардидааст. Дар руҳияи ахлоқи некӯ, созандаву бунёдкор тарбия намудани насли имрӯз аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки кори таълиму тарбия дар кадом поя ва сатҳ қарор дорад. Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва муваффақияти хонандагон дар самаранок баргузор намудани чорабиниҳо ва ба ин восила тарбияи худшиносӣ ва ахлоқии хонандагон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва ҳамқадами замон гарданд. Хонандагонро дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба халқу Ватан, таҳаммулпазирӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намудан аз шартҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ ва рушди ҷаҳонбинии онҳо маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки шогирдонро тавассути баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ бояд дар руҳияи эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ, доштани донишҳои муосир тарбия намуда, дар бунёди давлати пешрафта ва тараққикарда ҳиссагузор бошем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олӣ низ оид ба рушди илмҳои бунёдӣ, тарбия ва ба камол расонидани ҷавони ватандӯсту меҳнатдӯст сухан ронда, аҳли маорифро барои бошарафона иҷро намудани рисолати омӯзгорӣ даъват намуда буданд.

Сипас, доир ба мавзуъи баёнгардида, мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар қисмати дуюми машварат сарварони муассисаҳои таълимии шаҳрии Хуҷанд ба дарсҳои намунавии омӯзгорони МТМУ №11 аз фанҳои забони модарӣ, технолгияи иттилооотӣ, биология, суруд, алгебра, забони русӣ, қоидаи ҳаракати роҳ ва ғайраҳо иштирок намуда, онро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд