(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва омӯзгорон машварати доимоамалкунандаи муаллимони фанни забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид.

Дар машварат аз ҷониби омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ дар мавзуъҳои мухталиф аз фанни забони русӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд ва он аз ҷониби мушоҳидачиёни дарс мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд. баҳри омӯзиши забони русӣ шурӯъ аз соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» тасдиқ гардид, ки он аз 26 банд иборат буд. Баъд аз анҷом ёфтани Барномаи мазкур марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз сари нав таҳия гардид, ки он аз 24 банд иборат аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 29 муассисаи таҳсилоти умумии бо забони русӣ фаъолияткунанда мавҷуданд, ки дар онҳо 17 ҳазору 332 нафар талаба ба таълим фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар мамлакат 149 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо таълим ба забонҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд