(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳр, раиси комиссияи мазкур Фирўза Нуруллозода ҷаласаро оғоз намуда, аъзои комиссияро бо рўзномаи ҷаласа шинос кард. Зикр гардид, ки дар кори комиссия 3 масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз ҷумла, шунидани ахбороти муовини раиси Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми соли 2019, вазъи номгузории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, шиору овезаҳо ва пахши барномаҳои телевизионии маҳаллӣ дар мавриди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамзамон тасдиқи нақшаи кории Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2020.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, муовини Раиси комиссия Усмонҷон Юсуфӣ баромад намуда, қайд кард, ки кори комиссия дар соли 2019 ҳарчанд қаноатбахш арзёбӣ гардад ҳам, вале масъалаи тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳо ва номгузориҳои нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ташвишовар мебошад. То ҳол эълону рекламаҳо бохатогиҳои имлоӣ ва ғайри забони давлатӣ интишор ва паҳн шуда истодааст.

Номбурда дар идомаи баромади худ афзуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ ва тахтаҳои таблиғотии ҳудуди шаҳри Хуҷанд Амри Раиси шаҳр аз 30.10.2019, №234 “Дар бораи ба танзим даровардани тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ ва тахтаҳои таблиғотии ҳудуди шаҳри Хуҷанд” ба тасвиб расонида шудааст.

Тибқи Амри мазкур минбаъд тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд танҳо бо мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва баъди барасмиятдарории шартномаҳои тарафайн байни Оҷонсиҳои рекламавӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар ҳолати бе мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истеҳсол ва паҳн намудани реклама, лавҳаи насбгардида бе огоҳии иловагӣ бартараф карда шуда, ҷуброни хароҷоти он ба зиммаи худи ширкат вогузор карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки доир ба иҷроиши Амри мазкур аз ҷониби масъулини соҳа корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, баъзе аз Оҷонсиҳои рекламавӣ то ҳол бе мувофиқаи Комиссияи шаҳрӣ рекламаи худро насб карда истодаанд.

Ҳамчунин номгузории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ низ беҳбудиро мехоҳад. Чун, баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои моддаи 18, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, номгузориро бо забони ғайритоҷикӣ гузошта истодаанд.

Аз ин рў, тибқи пешниҳод ва хулосаи аъзоёни комиссия қарор қабул карда шуд, ки нисбати роҳбарони Оҷонсиҳои рекламавӣ ва соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ маводҳои дахлдор омода карда шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шавад.

Дар охир аз ҷониби муовини Раиси шаҳр, раиси комиссия Фирўза Нуруллозода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолият ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд