(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси омӯзгори пешқадами ин муассисаи таълимӣ Фаридун Мӯхсинзода чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони "Терроризмро маҳкум менамоем" баргузор гардид.

Хонандагон дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ ва хавфи терроризму экстремизм ба ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки айни замон падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд. Ҳадафи пасипардагии гурӯҳҳои террористӣ ба мо маълум аст. Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо алакай аз наздик шинос аст. Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем. Ва шаҳди онро чашидем.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯиеро тақозо менамояд, ки ба бартараф намудани омилҳои идеологӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равона шуда бошад.

Дар чорабинӣ намояндагони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, шуъбаи маориф, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти муассиса иштирок намуда, ба сатҳи гузаронидаи чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар ниҳоди хонандагон ҳиссиёти ватандӯстӣ, хештаншиносиро тарбия намуда, дар самти баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии хонандагон, пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ, бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд