(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагон оғоз гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, ғолибони даври шаҳрии олимпиадаро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ба ҳамагон мисли офтоб равшан аст. Зеро илму маориф омили асосии саодати миллат ва бақои ҷовидонагии халқу давлат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар ду марҳила доир гардид. Марҳилаи якум дар МТМУ №16, муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва марҳилаи дуюм дар гимназияи №24 натиҷагирӣ шуд.

Дар Олимпиада байни синфҳои 5-11 аз фанҳои таълимӣ 2546 нафар толибилмон донишу истеъдоди худро санҷиданд.

Шартҳои олимпиада аз корҳои хаттӣ, ҳалли масъалахои тестӣ ва ғайра иборат буданд ва толибилмон донишу истеъдоди худро аз рӯи 13 фаннҳои таълимӣ тибқи Низомнома санҷиданд.

Ҳамин тавр, аз синфҳои 5-8 456 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз синфҳои 9-11 бошад, 280 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои беҳтарин шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба донишу истеъдоди толибилмон баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Сипас, аз тарафи Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври шаҳрии олимпиада диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи тақдим карда шуд.

Интизор меравад, ки моҳи январи соли 2020 дар олимпидаи вилоятии наврасон ғолибони даври дуюм 456 нафар ва аз шумори ғолибони олимпиадаи шаҳрии муҳассилини синфҳои 9-11 зиёда аз 280 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд