(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 декабри соли равон иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум доир мегардад. Дар ин бора Қарори дахлдори Раиси шаҳри Маъруф Муҳаммадзода ба имзо расид.

Иҷлосияи мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даъват карда мешавад.

Вакилони шаҳрӣ масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷандро баррасӣ менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд