(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ оид ба расми кушоди лавҳаи ёдгорӣ ва номгузорӣ намудани ин муассисаи таълимӣ ба номи Баҳриддин Осимов баргузор гардид.

Чорабниро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ дорад. Қадршиносӣ намудани хизматҳои шоёни ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, зиёиёни пешқадам – умуман шахсиятҳои хирадпеша ва ба дараҷаи сиёсати давлатӣ баровардани онҳо, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият, натиҷаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба гиромидошти шахсияти бузургмардони миллатамон ва омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадор аст, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири ватанхоҳиву ватандорӣ, илму ҳунаромўзӣ ва аҳлоқи ҳамида, тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи башардўстиву инсонпарварӣ, истифода намояд.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 24 сентябри соли 2018, таҳти №667 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 7 июли соли 2019, №414 «Дар бораи номгузорӣ намудани номи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Хуҷанд ба номи Осимов Баҳриддин» ба тавсиб расидааст ва чорабинии имрӯза ба ин муносибат бахшида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Баҳриддин Осимов соли 1917 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Аз соли 1925 то соли 1928 дар мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва аз соли 1928 то соли 1930 дар мактаби таҳсилоти миёнаи нопурра таълим гирифтааст. Солҳои 1930-1933 дар Омўзишгоҳи тиббии шаҳр таҳсил намуда, соҳиби дипломи корманди соҳаи тиб гардидааст. Ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқ дохил шуда, то соли 1937 дар ин макони илму маърифат илм омўхта, дар баробари донишҷўӣ ҳамчун омўзгор ба аҳҳолии камсавод сабақ омўзонидааст.

Ў узви Ҳизби Коммунистии умумии иттифоқи болшевикон буда, ҳар супорише, ки аз ҷониби ҳизб дода мешуд, сарбаландона ба ҷо меовард. Аз ин рў лаёқати баланди ташкилотчигӣ дошта, аз моҳи сентябри соли 1935 то соли 1942 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба сифати омўзгори фанни химия ва биология фаъолият бурдааст.

Соли 1942 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи артиши Шўравӣ даъват шуда, дар муҳорибаи зидди фашистии кишвари Украина иштирок намудааст. Барои хизматҳои шоёни ў дар майдони муҳориба бар зидди фашистон бо Грамотаи фахрӣ, ордени «Ситораи сурх», барои шуҷоатмандӣ ва озод кардани шаҳри Вена бо якчанд ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз моҳи августи соли 1946 то соли 1948 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми шаҳри Ленинобод ва мактаби ноҳияи Шаҳритузи вилояти Сталинобод ба сифати директори мактаб фаъолият бурдааст.

Моҳи сентябри соли 1950 мудири шўъбаи маорифи шаҳри Ленинобод таъин гардидааст. Аз моҳи августи соли 1951 то соли 1954 ба сифати ҷонишини сарвар оид ба корҳои таълим дар мактаби миёнаи №2, баъдан дар мактаби миёнаи №5 ба сифати директор адои вазифа намудааст. Инчунин, дар мактаби миёнаи №4 ва дар мактаби шабонаи №6-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Баҳриддин Осимов 23 майи соли 1969 дар синни 52 солагиаш вафот карда бошад ҳам, номи неку корҳои шоистаи ў дар дилу дидаи мардуми Хуҷандиён абадӣ маскан гирифтааст ва барои абадӣ гардонидани хотираи неки ин шахси накўном, иқдом гирифта шуд, ки номи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Хуҷанд ба номи Осимов Баҳриддин гузошта шавад.

Сипас бо иштироки хешону пайвандон ва наздикони Баҳриддин Осимов аз рўи лавҳаи ёдгорӣ пардаро бардошта шуд.

Сипас, хоҳари Баҳриддин Осимов – дотсенти факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Башорат Осимова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд ба номи Зайниддин Осимов Даврон Ёқубов, фарзанди Баҳриддин Осимов, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси иттифоқи касабаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд Тавҳидахон Баҳриддинова дар бораи сифатҳои неки Баҳриддин Осимов андешаронӣ намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки абадигардонии номи неки Баҳриддин Осимов барои наслҳои имрўзу фардои вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанди бостонии азизамон ва толибилмони ин муассиса дарси меҳнатдўстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд