(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди бунёд ва фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

Роҳбари вилоят нахуст аз фаъолияти корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи навтаъсис ба фаъолияти коркарди меваю сабзавот машғул буда, алҳол дар ин корхонаи саноатӣ беш аз 50 нафар кор мекунанд. Дар корхона асосан коркарди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, себ, зардолу ва дигар анвои меваю сабзавот бо таҷҳизоти истеҳсоли Руссия, Чин ва Украина ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз беш аз 15 тонна маҳсулот мавриди коркард қарор мегирад. Захираи маҳсулот дар корхона имрӯз беш аз 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки корхона маҳсулотро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста ба ҳаҷму сифат ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза намуда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза мекунад ва мувофиқ ба талаботи бозор маҳсулоти тайёр омода менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур асосан ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз рӯйи ин намуди маҳсулот кишварҳои Чин ва Ҳиндустон пешсаф мебошанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи саноат таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорон шароити заруриро фароҳам овардааст.

Раиси вилояти Суғд ба роҳбари корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷму номгӯйи маҳсулот дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки дар оянда бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда, маҳсулоти хешро қаблан, яъне пеш аз оғози кишт ба деҳқонон фармоиш диҳад. Бо истифода аз имконоти молиявии корхона дар заминҳои корам кишти сабзавотро ба роҳ монда, ба афзун намудани кишти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҳамзамон ҷиҳати роҳандозӣ намудани технологияи истеҳсоли афшураҳои сабзавотро тавсия дода, онро мувофиқи мақсад ва рушди корхона арзёбӣ намуд. Ба ободонии ҳудуди корхона, зиёд намудани маҷмуъи маҳсулоти он, шумораи кормандон, баланд бардоштани маоши онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд таъкид кард, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳанӯз 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо соҳибкорони тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз соҳибкорони бурунмарзӣ даъват карда буд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд.

Соҳибкори бурунмарзӣ Мақсудҷон Абдуҷалилов пас аз иштирок дар ҳамоиши соҳибкорон тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нав бунёд созад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд