(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ дар мавзўи «Ҳуқуқи интихоботии худро дон» баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд семинарро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки моҳи марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии аъзои Маҷлиси миллӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Дар робита ба ин, тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омўзишӣ оғоз гардида, имрўз чунин семинари омўзишӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда истодааст. Семинари омўзишии имрӯза дар мавзўи «Ҳуқуқи интихоботии худро дон» баргузор гардида истодааст.

Сипас, А. Абдуазизиён, сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд, С.Боқиев, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, А.Ҳикматуллозода, муовини прокурори вилояти Суғд ва О.Бурҳониён, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баромад карда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид шуд, ки Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Тибқи меъёрҳои Конститутсия интихоботи Вакилони Маҷлиси намояндагон ва Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъӣ назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд