(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  аз  Маркази

Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе - Фирдавсӣ Саиднуриддин Алиев, Шоҳмансур Самандар Бобоев, Сино Зафар Сафаров, Исмоили Сомонӣ Аъламхон Қурбонов мудирони бахши кор бо занон ва рушди иҷтимоӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии истеҳсолии «Шероз» ба шаҳри Хуҷанд омаданд.
Маркази таълимии истехсолии «Шероз», ки моҳи гузашта бо иштироки сарвари давлат ба фаъолият оғоз намуда буд, барои эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ аз коркарди ашёи хом то омода шудани қолин пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро гарму самимӣ пазироӣ намуда, изҳор намуд, ки дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ба хусус занон самараи дилхоҳ дода истодааст.  Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  аз  Маркази Бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таъсис ёфтани ин маркази касбии ҳунаромӯзӣ тасдиқи ин гуфтаҳост. Бо мақсади амалӣ гаштани таҷрибаи маркази мазкур дар пойтахти кишвар меҳмонон имкон доштанд бо роҳбарияти коргоҳи таълимӣ, кормандон ва мутахассисон мубодилаи назар намоянд.Ба меҳмонон тамоми раванди истеҳсолӣ ба таври амалӣ намоиш дода шуда, бобати таҷрибаи ҳосилшуда муфассал нақл намуданд.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аъламхон Қурбонов қайд намуд, ки дар ноҳия шумораи аҳолӣ 137 ҳазор нафар буда, аз он 62 ҳазор нафарро, занон ташкил медиҳад. Ҳоло 42 фоизи занони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷои кори таъмин буда, мақомоти маҳалли нақша дорад ки соли 2014-ум боз 1700 адад ҷои кориро таъсис дихад. Барои амалӣ гаштани ин нақша таҷрибаи шаҳри Хуҷанд мувофиқи мақсад аст.
Ҳайати меҳмонон қарор доданд дар фурсатҳои наздиктарин корҳои омодагиро дар пойтахти кишвар, барои ба роҳ мондани ин таҷриба, оғоз намоянд.