(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат», ки бо икдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд эълон гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» аз рӯи лоиҳаи “Ҷамъияти бехатар барои занон” бахшида ба «Рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон» аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Мо бар зидди зӯроварӣ» дар майдони «Регистон» - бозори марказии Панҷшанбе гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин аксия ҷалби аҳли ҷомеа ба ин масъалаи мубрам, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пойдории оилаҳо мебошад.

Дар аксия намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД - и вилояти Суғд, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД - и шаҳри Хуҷанд, волонтёрон, донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва кормандони ТҶМИҲ «Сарчашма» иштирок намуданд.

Ҳамаи иштирокчиёни аксия бо матоъҳои норинҷӣ буданд, ки ин ранг рамзи мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон аз ҷониби СММ эълон гардидааст. Дар давоми аксия варақаҳои иттилоотӣ барои занон ва як донагӣ гули садбарг ба мардони роҳгузар бо мақсади ба ҳамсари худ изҳори муҳаббат намудан, тақдим карда шуд.

Меҳрнома ба мардон дар шакли сипоснома тақдим карда шуд, ки дар он ба оилаи худ ғамхору меҳрубон, ҳимоятгар ва таъминкунандаи мардон тавсиф шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд