(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади амалӣ намудани рукнҳои Консепсияи миллии тарбия ва баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносӣ, дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯдакистони навбунёди «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳои озмуни расмкашии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифта, дар он ғолибони даври аввал аз тамоми муасисисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр иштироки фаъолона намуданд.

Кӯдакон дар расмҳои худ табиати дилфиреби Тоҷикистон, кӯҳу дарё, маконҳои таърихию саёҳатии шаҳро бо манзараҳои зебову ҷолибаш тасвир карданд.

Озмун аз рӯйи шартҳои рамскашӣ дар рӯйи варақ аз мӯқалам, рангҳои обӣ ва дигар намуди рангҳо ва муаррифии расми тасвиршуда баргузор гардид.

Дар натиҷа ғолибон муайян шуда, кӯдакистонҳои рақамҳои 1, 6, 12, 18, 29, 37, Дилоро сазовори ҷойи аввал ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии 2, 13, 19, 20, 23, 31, 32 мақоми дуюмро касб намуданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева ба сатҳи баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид дошт,ки озмун дар самти ба роҳ мондани масъулияти зебоишиносӣ, баланд бароштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, тарбияи маънавию завқи зебоиҳои табиати кишвар, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Сипас, машварати мудирони кӯдакистонҳои шаҳр дар мавзуъи «Нақши мураббия дар таълиму тарбияи кӯдакон» баргузор гардид. Ҳамзамон мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ дар машғулиятҳои мураббияҳои кӯдакистони «Ғунчаи Истиқлол» иштирок намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд